6 Феврал 2023 - 18:15
Афзоиши 39 дарсдаии мубодилоти тиҷорӣ Қазоқистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли 2022

Гардиши моли байни Қазоқистон ва Озарбойҷон дар моҳҳои январ-декбри соли гузашта 461.9 миллион доллар буд, ки беш аз 39 дарсад бештар аз замони мушобеҳи соли 2021 аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Сади Хуросон, тиҷорати дуҷонибаи Қазоқистон ва Озарбойҷон дар як соли гузашта дар муқоиса бо соли 2021 ки 332.2 миллион доллар буд беш аз 39 дарсад афзоиш ёфт ва ба 461.9 миллион доллар расид.

Дафтари омори миллии ожонси барномарезии стратеги ва ислоҳоти Ҷумҳурии Қазоқистон бо эъломи ин матлаб гуфт: Содироти коло аз Қазоқистон ба Озарбойҷон дар як сол 2022 тақрибан 30 дарсад 375.3 миллион доллар ва воридоти маҳсулот аз Озарбойҷон ба Қазоқистон бо афзоиши рекорди 95 дарсадаи 86.6 миллион долларро ташкил  дода аст.

Бар асоси ин гузориш рушди содироти коло ба Озарбойҷон дар ин муддат бо афзоиши содироти нефти хом 74.9 миллион доллар, афзоиши 3 баробари гандум 69.9 миллион доллар, рушди 3.1 баробарии маҳсулоти нефти 56.8 миллион доллар марбут буда аст.

342/